КӮМАКИ ИҶТИМОӢ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР

Март 5, 2010 10:51

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Шӯъбаи  муҳоҷирати Консулхонаи  Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  дар  давоми  моҳҳои  январу  феврали  соли  равон  ба  коргарони  муҳоҷири  тоҷик,  ки  дар  Русия  кор  мекунанд,  кӯмаки  муайяни   молиявӣ, иҷтимоӣ ва  ҳуқуқӣ  расонд. Аз  ҷумла,  барои расонидани  кӯмак ба шаҳрвандони  Тоҷикистон, ки  ҷойи  муайяни  истиқомат  надоранд,  бо  дармонгоҳи  рақами  7 – уми  шаҳри  Маскав  дар  бораи   расонидани   кӯмаки тиббии  бепул   паймон  карда шуд.  Инчунин   дармонгоҳи  мазкур   барои  беморон ва  шахсони  маъюб  бо  мақсади  ба  фурудгоҳҳо  ва   истгоҳи  роҳи  оҳан  бурдани  беморон ва  маъюбон  автобус  ҷудо  намуд. Шӯъбаи  муҳоҷират  бо  марказҳои  кӯмаки  иҷтимоии  «Люблино» ва «Ясенево» — и  шаҳри  Маскав дар бораи  муваққатан  ҷой  додани   коргарони  муҳоҷири  бесарпаноҳ ва  бо хӯроки  гарм  таъмин  кардани онҳо  ҳамкорӣ  мекунад.  Шӯъбаи  муҳоҷират  барои  ба  ватан  фиристодани   баъзе шаҳрвандони  Тоҷикистон кӯмаки  моддӣ  расонида,  инчунин  барои онҳо  чипта  харид. Аз  дафтари  матбуоти  Сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Маскав  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки тибқи  дархости  шӯъбаи  муҳоҷират  айни  ҳол  се  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  шифохонаҳои  шаҳри  Маскав  хобонда шудаанд. Онҳо  то   муайян  намудани  шахсияташон  ва  ҷустуҷӯи  маблағ  барои  харидани  чипта барои  фиристоданашон ба  ватан дар  шифохонаҳо  нигоҳ  дошта  мешаванд.

Март 5, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест