КӮМАКИ ИҶТИМОӢ БА КОРГАРОНИ МУҲОҶИР
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Шӯъбаи муҳоҷирати Консулхонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар давоми моҳҳои январу феврали соли равон ба коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, кӯмаки муайяни молиявӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ расонд. Аз ҷумла, барои расонидани кӯмак ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҷойи муайяни истиқомат надоранд, бо дармонгоҳи рақами 7 – уми шаҳри Маскав дар бораи расонидани кӯмаки тиббии бепул паймон карда шуд. Инчунин дармонгоҳи мазкур барои беморон ва шахсони маъюб бо мақсади ба фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан бурдани беморон ва маъюбон автобус ҷудо намуд. Шӯъбаи муҳоҷират бо марказҳои кӯмаки иҷтимоии «Люблино» ва «Ясенево» — и шаҳри Маскав дар бораи муваққатан ҷой додани коргарони муҳоҷири бесарпаноҳ ва бо хӯроки гарм таъмин кардани онҳо ҳамкорӣ мекунад. Шӯъбаи муҳоҷират барои ба ватан фиристодани баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки моддӣ расонида, инчунин барои онҳо чипта харид. Аз дафтари матбуоти Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тибқи дархости шӯъбаи муҳоҷират айни ҳол се шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шифохонаҳои шаҳри Маскав хобонда шудаанд. Онҳо то муайян намудани шахсияташон ва ҷустуҷӯи маблағ барои харидани чипта барои фиристоданашон ба ватан дар шифохонаҳо нигоҳ дошта мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






