КУМАКИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БА НБО РОҒУН

Март 3, 2010 11:45

Душанбе,  3 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   Дирӯз гурӯҳи кории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазир Соҳибназар Раҳмонов ба назди сохтмончиёни нерӯгоҳи барқии обии Роғун бо сафари корӣ ташриф оварданд. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ аз шароити ҷойҳои кори сохтмончиён, ҷои хоби онҳо, фаъолияти бунгоҳҳои саломатӣ дидан карда, аз вазъи саломатии коргарон пурсон шуданд. Дар хизмати сохтмончиён як маркази саломатӣ ва чор бунгоҳи тиббӣ амал мекунад. Ҳамчунин ба наздикӣ як госпитали сайёр барои расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ва гузаронидани ҷарроҳиҳои хурд аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба сохтмончиён тӯҳфа гардид. Сардори гурӯҳи корӣ, муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов изҳор намуд, ки «имрӯз як миқдори зарурии молҳои тиббӣ, ба монанди як дастгоҳи ташхиси фавқуссадо, 66 номгӯи дорувориҳо ва маводҳои мавриди истифодаи тиббӣ, як мошинаи «Ёрии таъҷилӣ», як миқдор занбарҳои тиббӣ, хулоса, ба маблағи 648 ҳазор сомонӣ ё худ зиёда аз 143 ҳазор доллар маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ барои кӯмак ба сохтмончиёни нерӯгоҳ оварда шуд. Ҳамзамон масъалаи сифати омода кардани ғизо, нуқтаҳои шустушӯӣ, беҳдоштӣ, манзили хоби сохтмончиён боздид гардида, барои бартараф кардани камбудиҳо маслиҳатҳо дода ва ёрии амалӣ расонида шуд».   Бояд қайд кард, ки ин иқдоми Вазорати тандурустӣ аввалину охирин нест ва чунин гурӯҳҳои корӣ доимо ба ҷои кори сохтмончиён сафар карда, ёрии амалии худро хоҳанд расонд.      

Март 3, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд