МӮҲЛАТИ ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ КӮТОҲ КАРДА ШУД
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Мувофиқи фармони вазири маорифи ҷумҳурӣ аз 3 декабри соли 2009 дар бораи тағйир додани мӯҳлати таътилҳои талабагон, дар давоми солҳои таҳсили 2009 – 2010 таътили зимистона вобаста ба сардии ҳаво дар фасли зимистон ва бо мақсади таъмини саломатии талабагон аз 31 декабри соли 2009 то 24 январи соли 2010 дароз карда шуд. Вобаста ба ин мӯҳлати таътили баҳорӣ кам карда шуд ва аз 20 то 24 март давом мекунад. 25 март дар ҳамаи мактабҳо машғулиятҳо давом мекунанд. Мувофиқи фармони вазир, занги охирин 1 июн садо медиҳад, маҷлису ҷамъомадҳо бахшида ба хатми соли таҳсил ҳамагӣ 1 соат давом мекунанд. Баъди ин машғулиятҳо давом дода хоҳанд шуд. Имтиҳоноти талабагони синфҳои 4 – 8 аз 2 то 9 июн ва имтиҳоноти талабагони синфҳои 9 – ум аз 2 то 15 июн давом мекунанд. Талабагони синфҳои 11 аз 2 то 21 июн имтиҳоноти хатмкуниро месупоранд. Муовини сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ёдгор Шарифов зикр намуд, ки фармони вазири маориф ба ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ новобаста ба шакли фаъолияташон фиристода шуд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






