М.КАБИРӢ НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР КАРД

Март 1, 2010 14:10

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар бинои марказии ҳизб вобаста ба натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ, ки рӯзи 28 феврал дар саросари ҷумҳурӣ баргузор шуда буд, барои намояндагони васоити ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ барпо кард. Дар нишасти матбуотӣ дар баробари рӯзноманигорон, инчунин аъзои     Шӯрои сиёсии ҲНИТ ва ҷонибдорони ин ҳизб иштирок карданд. Дар рафти нишасти матбуотӣ М.Кабирӣ аз ҷумла изҳор кард, ки «дар ин интихобот назар ба интихоботи солҳои 2000 ва 2005 натиҷа ва пешравиҳои мусбат ба назар мерасиданд, аммо бо вуҷуди ин қонуншиканиҳо низ мушоҳида гардиданд». Ӯ ҳамчунин гуфт, ки «мо намехоҳем ба хотири интихобот ба чеҳра ва имиҷи миллату давлат халал ворид кунем, зеро мо наметавонем манфиатҳои давлатӣ ва миллатро болотар аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ гузошта бошем». М.Кабирӣ аз номи Шурои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор кард, ки онҳо аз ҳуқуқҳои худ бо роҳҳои қонунӣ муҳофизат хоҳанд кард. «Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки манофеи миллӣ ва давлатӣ, волоияти қонун, боло гирифта натиҷаҳои ниҳоии интихобот ба райъи хостаи мардум мутобиқат хоҳад кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба худ иҷозат медиҳад, ки бо роҳи муайян кардаи қонун барои ҳифзи райъи ҷонибдоронаш аз василаҳои мавҷуда истифода намоянд». Дар поёни нишасти матбуотӣ номбурда ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб гуфта изҳор кард, ки ба тантанаи хирад бовар дорад.        

Март 1, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст