М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Март 4, 2010 16:38

Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Нақши палатаи болоии парлумони мамлакат дар таҳкими парламентаризм, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз қонунҳои ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ калон аст», гуфт зимни суханронияш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории охирин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 март дар Душанбе баргузор шуд. Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ, бахусус аъзоёни он ҷиҳати  эҷоди қонунҳо ва ҷонибдории қонуну санадҳое, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. Зикр шуд, ки дар моҳи апрел аз таъсиси парлумони дупалата дар Тоҷикистон 10 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат палатаи болоии парлумони мамлакат тавонист дар таҳкими рушди парламентаризм дар ҷомаеаи муосири Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар таъмини истиқлолияти энергетикию коммуникатсионӣ ва озуқавории мамлакат, татбиқи пешниҳодҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат  дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи бйналмилалӣ байён шудаанд, нақши  бориз гузорад. М. Убайдуллоев, афзуд, ки Маҷлиси миллӣ масъулияти бештареро ҷиҳати ҷонибдории қонунҳо ба дӯш дорад. Ва тавонистааст дар ин самт рисолати аслии худро иҷро созад.  Робитаи қавию устувори Маҷлиси миллӣ бо мақомоти намояндагӣ аз сатҳи ҷамоат сар карда,  то Маҷлисҳои вилоятӣ бояд дар оянда беҳтар ва хубтар гардонида шаванд, афзуд, раиси палатаи болоии парлумони мамлакат. Дар фарҷоми охирин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм М. Убайдуллоев ба тамоми аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, инчунин намояндагони ВАО арзи сипос намуд. Бояд зикр кард, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 марти соли 2010 баргузор мегардад.

Март 4, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад