М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БАҲОИ БАЛАНД ДОД
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Нақши палатаи болоии парлумони мамлакат дар таҳкими парламентаризм, рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз қонунҳои ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ калон аст», гуфт зимни суханронияш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории охирин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4 март дар Душанбе баргузор шуд. Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ, бахусус аъзоёни он ҷиҳати эҷоди қонунҳо ва ҷонибдории қонуну санадҳое, ки ба манфиати ҷомеа нигаронида шудаанд, баҳои баланд дод. Зикр шуд, ки дар моҳи апрел аз таъсиси парлумони дупалата дар Тоҷикистон 10 сол сипарӣ мегардад. Дар ин муддат палатаи болоии парлумони мамлакат тавонист дар таҳкими рушди парламентаризм дар ҷомаеаи муосири Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар таъмини истиқлолияти энергетикию коммуникатсионӣ ва озуқавории мамлакат, татбиқи пешниҳодҳо ва барномаҳое, ки аз ҷониби Президенти мамлакат дар минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи бйналмилалӣ байён шудаанд, нақши бориз гузорад. М. Убайдуллоев, афзуд, ки Маҷлиси миллӣ масъулияти бештареро ҷиҳати ҷонибдории қонунҳо ба дӯш дорад. Ва тавонистааст дар ин самт рисолати аслии худро иҷро созад. Робитаи қавию устувори Маҷлиси миллӣ бо мақомоти намояндагӣ аз сатҳи ҷамоат сар карда, то Маҷлисҳои вилоятӣ бояд дар оянда беҳтар ва хубтар гардонида шаванд, афзуд, раиси палатаи болоии парлумони мамлакат. Дар фарҷоми охирин иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм М. Убайдуллоев ба тамоми аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдор, инчунин намояндагони ВАО арзи сипос намуд. Бояд зикр кард, ки интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 марти соли 2010 баргузор мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






