МАШВАРАТИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 27 – 28 апрели соли равон дар шаҳри Донецки Украина дар мавзӯи «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии давлатҳо» машварати иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба дар байни тоҷирону соҳибкорони минтақаҳои наздисарҳадӣ, ҷустуҷӯ кардан ва ёфтани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, густариш додани ҳамкории палатаҳои савдо ва саноат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вусъат додани ҳамкорӣ ва ҳамгироии истеҳсолӣ, илмӣ ва техникӣ, бартараф намудани монеаҳои хариду фурӯши мол ва ғайра мебошад. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон корхонаю ташкилотҳои мамлакатро даъват менамояд, ки дар машварати мазкур иштирок намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






