МАШВАРАТИ ИҚТИСОДИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Март 5, 2010 10:51

  Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  27 – 28  апрели  соли  равон  дар  шаҳри  Донецки  Украина  дар  мавзӯи  «Ҳамкории тиҷоратию  иқтисодии  давлатҳо»  машварати  иқтисодии  давлатҳои  аъзои  ИДМ  баргузор  мегардад. Ҳадафи  он   мубодилаи таҷриба дар  байни  тоҷирону  соҳибкорони  минтақаҳои  наздисарҳадӣ,  ҷустуҷӯ  кардан  ва  ёфтани  имкониятҳои  нави   ҳамкорӣ  дар  соҳаи  тиҷорат,  густариш  додани  ҳамкории  палатаҳои  савдо  ва  саноат,  мақомоти  ҳокимияти давлатӣ,  вусъат  додани  ҳамкорӣ ва  ҳамгироии   истеҳсолӣ,  илмӣ  ва техникӣ,   бартараф  намудани  монеаҳои  хариду  фурӯши  мол  ва  ғайра  мебошад. Палатаи  савдо  ва  саноати   Тоҷикистон  корхонаю ташкилотҳои  мамлакатро  даъват  менамояд, ки   дар  машварати  мазкур  иштирок  намоянд.

Март 5, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад