МЕТРОЛОГҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 март дар мавзӯи «Эътирофи байналмилалии стандартҳо дар соҳаи меьрология» семинари минтақавӣ оғоз гардид, ки мутахассисони соҳаи метрология ва аккредитатсия аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доранд. Дар маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин семинар тибқи нақшаи кории лоиҳаи «Дастгирии рушди инфрасохтори сифат доир ба метрология ва аккредтатсия дар Осиёи Марказӣ» баргузор шуда, ҳадафи асосиаш баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ оид ба метрология ва аккредитатсия мебошад. Семинарии мазкур давоми 3 рӯз идома карда, 31 март анҷом меёбад.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






