МУКОФОТИ СММ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»). — Тавре хабар дода шуда буд, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов зимни сафари панҷрӯзааш ба Ню – Йорк дар маҷлиси Маҷмаи кулли СММ бахшида ба масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ бо мақсади рушди иқтисодиёт иштирок дошт ва сухан кард. О.Оқилов баъди маҷлис бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо муассисаҳои СММ, вазъияти минтақа ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дод. Баъдан маросими супоридани ҷоиза барои ба даст овардани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар доираи СММ баргузор гардид. Ҷоизаи мазкур имсол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд. Ҷоиза ҳар сол ба созмонҳо, муассисаҳои ғайридавлатӣ, мактабҳои олӣ, фондҳо ва шахсони алоҳида супорида мешавад, ки барои ба даст овардани ҳадафҳои ҳазорсолаи СММ саҳми бузург гузоштаанд. Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов супорида шуд. Ӯ баъдан ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






