МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ КУМИТАҲОИ МИЛЛИИ ОЛИМПИИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁ
Алмаато, 31 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз 29 то 31 марти соли равон дар шаҳри Алмаато мулоқоти роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии мамлакатҳои Осиё баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба тайёрӣ ба Бозиҳои 7 – уми зимистонаи Осиёӣ дар соли 2011 муҳокима карда шуданд. Бозиҳои 7 – уми зимистонаи Осиё соли оянда дар Қазоқистон баргузор мегарданд. Дар мулоқот роҳбарону намояндагони кумитаҳои миллии олимпии мамлакатҳои Осиё, Шӯрои олимпии Осиё ва созмонҳои дигари мутасаддӣ ширкат варзиданд. Дар он намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Иштирокчиёни мулоқот дар давоми се рӯз бо нақшаҳои тайёрӣ ба Бозиҳои 7 – уми зимистонаи Осиё, аз ҷумла маҳалли гузаронидани мусобиқаҳо, таҳқиқи саломатии варзишгарон, таъмини амнияти онҳо, ташкили фурӯши чиптаҳо, ҷалби ихтиёриён барои хизматрасонӣ дар гузаронидани бозиҳо ва ғайра шинос гардиданд. Бозиҳои зимистонаи 7 – уми Осиё аз 30 январ то 6 феврали соли 2011 дар шаҳрҳои Остона ва Алмаато баргузор мегарданд. Барномаи онҳо 5 мусобиқаи варзишӣ ва 11 намуди қувваозмоиро дар бар мегирад. Варзишгарони мамлакатҳои Осиё аз ҷумла дар намудҳои конкитозӣ, рақси рӯи ях, чавгонбозӣ, пойга ба воситаи лижаҳо, биатлон, ҷаҳиш бо лижа аз баландӣ, тай кардани масофаи муайян бо лижа ва ғайра қувваозмоӣ мекунанд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ дар бозиҳои мазкур варзишгарони 30 мамлакат иштирок хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






