МУЛОҚОТИ Ш. ЗУҲУРОВ БО Н. БОРДЮЖА
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-26 марти соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Н.Н. Бордюжа мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни сӯҳбат Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони олиқадрро бо натиҷаҳои интихоботи ба наздикӣ баргузор гардидаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва фаъолияти он шинос намуда, роҷеъ ба вазъи амниятии кишвар ва минтақа маълумоти муфассал дод. Ш. Зуҳуров изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тамоми ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаашро бо камоли масъулият ва пурра иҷро менамояд. То ин дам тарафи Тоҷикистон тақрибан 30 санади гуногун – созишнома, муоҳида протокол, оиннома ва шартномаро дар доираи фаъолияти ин Созмон ба тасвиб расондааст. Ҷиҳати таҳия, қабул ва амалӣ сохтани санадҳои ин созмони бонуфуз дар бахшҳои амният, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар кишвари мо ягон мушкилоте дида намешавад. Оиди мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ бояд гуфт, ки ин мавқеъ бо сиёсати ҳусни ҳамҷавории нек асос ёфта, ба рушду инкишоф ёфтани тамоми соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ равона шудааст. Мо аз муносибатҳои ҳамаҷонибаамон бо ҷумҳуриҳои Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон қаноатманд ҳастем. Бо Давлати Исломии Афғонистон низ мо, тавре борҳо дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳуриамон зикр гардидааст, ҷонибдори бо роҳи мусолиматомез ҳал гардидани проблемаҳои ин мамлакат мебошем. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон метавонад дар ин кишвар амалӣ карда шавад. Мутаассифона, воридшавии ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурии мо, агарчи назар ба солҳои пештара хеле кам шуда бошад ҳам, ҳанӯз идома дорад. Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар ҳоли эътидол нигоҳ доштани вазъи амнияти кишвар ва минтақа самимона талош хоҳад кард. Яке аз сабабҳои асосии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нооромиҳои ин кишвар билкул вуҷуд надоштани таҷаммуъи хадамоти шуғли аҳолӣ дар ин мамлакат мебошад. Ҷиҳати аз байн бурдани вазъияти баамаломада пеш аз ҳама бунёд намудани як системаи фарогири тамоми бахшҳои иҷтимоии кишвар зарур аст. Зеро қисмати зиёди аҳолии ин кишвар бо сабаби надоштани шуғлу пешаи барои рӯзгузаронӣ зарур даст ба чунин аъмол задааст. Имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки ҷиҳати бунёди фазои иҷтимоии ин кишвар саҳмгузорӣ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати оромӣ ва сулҳу суботи ин кишвар самимона саъю талош меварзад. Аз ҷумла мо тайёр ҳастем, ки ҷиҳати амалӣ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин мамлакат чора андешем. Аммо баъзе нохушбинони сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи кишвари мо бо баҳонаҳои беасос ба муқобили сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун сару садо баланд мекунанд. Раиси Маҷлиси намояндагон бо далелҳои қотеъ ҳеҷ гуна зарару хатар надоштани ин сохтмони азимро барои кишварҳои ҳамсоя фаҳмонда, таъкид намуд, ки сохтмони ин иншооти бузург ба рушду нумӯи кишварамон, инчунин бо барқ таъмин намудани чанде аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, Покистон метавонад мусоидат намояд. Фикр мекунам пойдор намудани муносибатҳои неки кишварҳои минтақа дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ моҳияти калон дорад. Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақа изҳори назар намуда, аз ҷумла гуфт, ки сарфи назар аз кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани муносибати неки ҳамсоягӣ аз ҷониби роҳбарияти ҳамсояи мо Ӯзбекистон баъзан амалҳое содир карда мешаванд, ки робитаҳои неки ҳамсоягии ду кишварро халалдор менамоянд. Бояд гуфт, ки халқҳои тоҷику ӯзбек дар тӯли асрҳои дароз бо ҳам муносибати дӯстона ва хешутаборӣ дошта, дар ҳар ду кишвар сукунат менамоянд. Аммо аз ҷониби Ӯзбекистон ба тариқи яктарафа барои рафтуомад режими виза муқаррар гардид, ки гирифтани он ҳам на ба ҳар шаҳрванд муяссар мегардад. Бар илова аз ин минтақаҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ӯзбекистон минагузорӣ карда шудаанд, ки дар натиҷаи бархӯрд бо минаҳо шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, Қирғизистон ва худи Ӯзбекистон низ ба ҳалокат мерасанд. Бисёр минтақаҳои сарҳадӣ бо сади симхорӣ банд карда шудаанд. Тавре маълум аст, ҷумҳурии мо дар бунбасти коммунактсионӣ қарор дошта, ягона роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан ба хориҷи кишвар аз ҳудуди ин ҳамсояамон мегузард. Аммо ин роҳҳо низ бо супориши роҳбарияти Ӯзбекистон баста шудаанд. Зимистони сарди солҳои 2006 – 2007, ки дар кишвари мо бесобиқа буда, сардии ҳаво зиёда аз 25 дараҷаро ташкил медод, тарафи Ӯзбекистон бо баҳонаҳои гуногун интиқоли газу барқро қатъ намуда, ҳатто иҷозат надод, ки барқи Ҷумҳурии Туркманистон ба воситаи кишвараш ба ҷумҳурии мо интиқол дода шавад. Тавре шумо огоҳ ҳастед, мо роҳ ва чораи дигар надорем. Бинобар ин давлат ва халқи мо ба сохтмони НБО Роғун камар баст. Сохтмони НБО Роғун барои кишвари мо ҳаётан муҳим аст. Бояд гуфт, ки сохтмони ин неругоҳ дар замони шӯравӣ аз ҷониби олимони беҳтарини он кишвар ва дар Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии шаҳри Тошканд тарҳрезӣ гардида буданд. Аммо роҳбарияти Ӯзбекистон бо баҳонаи хатар ба минтақа ва кишвараш ба сохтмони НБО Роғун қотеона муқобил баромад. Баҳонаи асосии ин ҳамсоя он аст, ки гӯё тарафи Тоҷикистон бо сохтани ин нерӯгоҳ пеши роҳи обро баста воридшавии онро ба Ӯзбекистон маҳдуд мегардонда бошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Аввал ин ки дарёи Вахш дарёи дохилии ҷумҳурии мо мебошад. Дарёи Панҷ низ аз ҳудуди Тоҷикистон гузашта ба Туркманистон дохил мешавад. Дигар ин ки имкон надорад, ки НБО Роғун пеши роҳи обро тамоман бандад. Барои он ки НБО кор кунад, об бояд ҷорӣ бошад. Дигар ин ки баъди НБО Роғун нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, «Сангтӯда»- 1, «Сангтӯда»-2 ва Сарбанд вуҷуд доранд, ва аз ин рӯ Роғун роҳи обро ба сӯи ин нерӯгоҳҳо баста наметавонад. Даъвои дигари тарафи Ӯзбекистон он аст, ки хатари канда шудани банди об ва зери об мондани баъзе минтақаҳои кишвараш вуҷуд дорад. Бояд гуфт, ки водии Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз водиҳои калонтарини Тоҷикистон буда, зиёда аз 2 млн. аҳолӣ истиқомат мекунад. Мо наметавонем, ки як силсила нерӯгоҳҳо ва як водии муҳим ва сераҳолии худро зери хатар гузорем. Чунин даъвоҳои роҳбарияти Ӯзбекистон асоси воқеӣ надоранд. Фикр мекунам, ин баҳонаҳо танҳо барои гирифтани пеши роҳи рушду нумӯи Тоҷикистон пеш оварда мешаванд. Тарафҳо бо ҷонибдорӣ аз сохтмони НБО Роғун изҳор доштанд, ки даъвоҳои кишвари ҳамсоя дар боби зарар ва хатари ин нерӯгоҳ ба минтақа асоси воқеӣ надорад. Аммо баъзе нохушбинони сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи кишвари мо бо баҳонаҳои беасос ба муқобили сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун садо баланд мекунанд. Раиси Маҷлиси намояндагон бо далелҳои қотеъ ҳеҷ гуна зарару хатар надоштани ин сохтмони азимро барои кишварҳои ҳамсоя фаҳмонда, таъкид намуд, ки сохтмони ин иншооти бузург ба рушду нумӯи кишварамон, инчунин бо барқ таъмин намудани чанде аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, Покистон метавонад мусоидат намояд. Бо бастани роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард аз тарафи Ӯзбекистон ба иқтисодиёти ҷумҳурии мо зиёда аз 20 млн. сомонӣ зарар расонда шудааст. Тарафҳо изҳор намуданд, ки ин масъала низ бояд ҳалли худро ёбад. Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамӣ аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори минатдорӣ намуда, ӯро ба муносибати ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор интихоб шуданаш самимона муборакбод гуфта, ба ӯ ва ҳайати нави парлумони мамлакат барору комёбӣ орзу намуд. Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тамоми ӯҳдадориҳои худро иҷро менамояд. Николай Бордюжа изҳори каноатмандӣ намуд, ки Мачлиси намояндагон аз 30 санади меъёрию ҳуқуқии Созмони аҳдномаи амнияти дастчамъӣ 22-тои онро ба тасвиб расонидааст. Созмони мазкур дар миқёси дунё ҳарчи бештар соҳиби обрӯ ва нуфуз мегардад. Н.Бордюжа зикр намуд, ки амнияти кишварҳои минтақа ва кишварҳои узви ин созмон на танҳо бо роҳи мудофиа ва ҳарбӣ барқарор карда шавад, балки мустаҳкам намудани равобити ҳамаҷониба ва дӯстии халқҳо, ки дар замони шӯравӣ асос ёфта буд, бояд тақвият дода шавад. Николай Бордюжа аз раванди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ибрози ризоият намуда, саҳми ин мақоми олии қонунгузори кишварро дар тақвияти равобити дуҷониба муҳим арзёбӣ кард.