МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИЛМӢ — ТЕХНИКӢ БО КОРЕЯ

Март 30, 2010 10:35

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноат,   моҳи марти соли ҷорӣ миёни вазорати мазкур ва Агентии «KAICA» — и Кореяи Ҷанубӣ  меморандум ба имзо расид. Дар асоси меморандум Агентии «KIACA»   барои сохтмони  нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ  ба Вазорати энергетика ва саноати ҶТ 2 млн. 800 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, техникаи сохтмонии нерӯгоҳҳои хурди барқи обии  Кореяи Ҷанубӣ ба шароити Тоҷикистон мувофиқ аст. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда  низ  ҳамкориҳои худро дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ бо агентии мазкур идома мебахшад. Дар Корея аз нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ фаровон истифода карда мешавад. -Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо  технологияи Кореяи Ҷанубӣ дар солҳои наздиктарин садҳо нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд,- иброз дошт вазири энергетика Гул Шералӣ.

Март 30, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд