МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИЛМӢ — ТЕХНИКӢ БО КОРЕЯ
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноат, моҳи марти соли ҷорӣ миёни вазорати мазкур ва Агентии «KAICA» — и Кореяи Ҷанубӣ меморандум ба имзо расид. Дар асоси меморандум Агентии «KIACA» барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба Вазорати энергетика ва саноати ҶТ 2 млн. 800 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Бино ба гуфти вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, техникаи сохтмонии нерӯгоҳҳои хурди барқи обии Кореяи Ҷанубӣ ба шароити Тоҷикистон мувофиқ аст. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ ҳамкориҳои худро дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ бо агентии мазкур идома мебахшад. Дар Корея аз нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ фаровон истифода карда мешавад. -Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо технологияи Кореяи Ҷанубӣ дар солҳои наздиктарин садҳо нерӯгоҳҳои бодию офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд,- иброз дошт вазири энергетика Гул Шералӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






