МУНШИИ УМУМИИ СММ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Март 30, 2010 16:14

Душанбе,  30 март. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). – Муншии  умумии  СММ Пан Ги  Мун баъди  чошти 5  апрел  барои  боздид  ба  Тоҷикистон ташриф  меорад. Роҳбари  раёсати иттилооти Вазорати  корҳои  хориҷии  ҷумҳурӣ  Давлат  Назриев ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  ҳамон рӯз  мулоқоти  Муншии  умумии  СММ  бо  Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  нақша  гирифта шудааст. Зимни  мулоқот  масъалаҳои  марбут ба  ҳамкории мамлакатҳои  минтақа,  муҳити  зист  ва  иҷтимоию  иқтисодӣ  баррасӣ  карда  мешаванд. Тибқи  нақша,  Пан  Ги  Мун  6  апрел  бо  ҷараёни  сохтмони  нерӯгоҳҳои  барқӣ  дар  дарёи  Вахш  шинос    шуда, ҳамон рӯз  аз  Душанбе  ба  Қазоқистон  хоҳад  рафт.

Март 30, 2010 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд