МУОВИНИ НАВИ АВВАЛИ САРДОРИ СИТОДИ МУТТАҲИДАИ СААД

Март 10, 2010 09:32

Маскав,  10 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Бо  қарори   Шӯрои  вазирони  мудофиаи  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ генерал – поковник  Анатолий  Ноговитцин муовини   аввали  сардори  Ситоди  муттаҳидаи  СААД  таъин  карда шуд. Номзади А.Ноговитцинро   ба  ин  вазифа  Вазорати  мудофиаи  Федератсияи  Русия  пешбарӣ  карда буд. Анатолий  Алексеевич  Ноговитцин  24  апрели соли 1952  дар  вилояти  Семипалатинск  таваллуд  шуда,  Омӯзишгоҳи  олии  ҳарбии  сарнишинони  ҳавопаймоҳои  мудофиа  аз   ҳуҷуми  хавоии  Армавир, Академияи  қумондонони  ҳарбии  қувваҳои   мудофиа  аз  ҳуҷуми ҳавоӣ ва  Академияи  ҳарбии  Ситоди  кулли  Қувваҳои  мусаллаҳи  Русияро  хатм  кардааст. Ӯ аввал ба эскадрилияи  ҳавопаймоҳои  низомӣ, полк ва  корпуси  мудофиа  аз  ҳуҷуми  ҳавоӣ роҳбарӣ  карда ва дар  вазифаи  муовини   сардори  ситоди  кулли   қувваҳои  мусаллаҳи Русия  кор  кардааст. Мавсуф  доктори   илми  ҳарбӣ  мебошад. А.Ноговитцин  бо  орденҳои  Ситораи  сурх  ва «Хизмати шоистаи  ҳарбӣ»  мукофотонида шуда, Лётчики  хизматнишондодаи  Федератсияи  Русия  мебошад. Муовини  аввали   сардори  Ситоди  муттаҳидаи  СААД  генерал —  лейтенант  Олег  Латифов   аз  ин  вазифа  озод   карда,   ба  ихтиёри  сардори  Раёсати  умумии   ҳамкории  байналмилалии  ҳарбии   Вазорати  мудофиаи  Русия   гузаронида шуд.

Март 10, 2010 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд