МУОВИНОНИ НАВИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовинони нави раиси вилояти Суғд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа таъйн гашта буданд, ба кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муаррифӣ шуданд. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ваҳҳоб Набиев муовини аввали раиси вилоят ва Мубинҷон Қаюмов, Аҳмадҷон Қобилов, Суюнхон Рустамов ва Ғафур Ҳакимов бо розигии Президенти мамлакат ва қарорҳои раиси вилояти Суғд муовинони раиси вилоят, таъин гаштанд. Қоҳир Расулзода, кадрҳоеро, ки ба ин вазифаҳои масъулиятнок таъин шудаанд, ба иҷрои амру фармонҳои Президенти мамлакат, супоришҳои Ҳукумати кишвар, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ ва дасти мадад дароз карданд ба ниёзмандон ҳидоят кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






