МУСОБИҚАИ САМБОЧИЁН ДАР МАСКАВ

Март 26, 2010 17:04

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). —  25  март  дар  Маскав  мусобиқаи байналмилалии  гӯштини   самбо  бахшида ба  поси  хотири  варзишгари  машҳур  Анатолий  Харлампиев   кушода шуд. Аз  Тоҷикистон  дар  ин  мусобиқа   варзишгари тоҷик  Набимуҳаммад  Хоркашев  иштирок  дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  мусобиқа   варзишгарони  сӣ  давлати  ҷаҳон,  аз  ҷумла  ИМА,  Фаронса,  Олмон, Италия, Финляндия,  Юнон, Марокаш, Венесуэла,  Куриё, Булғористон ва  ҳамаи  ҷумҳуриҳои  собиқи  Шӯравӣ  иштирок  мекунанд. Имсол  ҷоизаҳои  мусобиқа  дар бахшҳои «Техникаи  беҳтарини  гӯштингирӣ», «Барои  ирода ба  ғалаба» ва  ғайра  супорида  мешаванд. Анатолий  Харлампиев  аз  ҷумлаи  варзишгарони  машҳури  Русия  буда,  муддати  тӯлонӣ   сирру  асрори   навъҳои  гуногуни  гӯштини  миллиро   дар  ҷумҳуриҳои   шӯравӣ  таҳқиқ  карда  буд. Ӯ  яке  аз  асосгузорони   гӯштини  самбо  дар  Иттиҳоди  шӯравӣ  мебошад.  Бо ташаббуси  А.Харлампиев  дар  ҷамъиятҳои  варзишии  «Криля  Советов», «Динамо» ва Донишкадаи  энергетикии  Маскав  мактабҳои   махсуси  тарбияи  варзишгарон  кушода шуданд. Мусобиқаи  байналмилалии  самбочиён  барои  поси  хотири  варзишгари  машҳур  аз  соли  1982  сар  карда  гузаронида  мешаванд.  Соли  1983 ба он  мақоми  мусобиқаи  байналмилалӣ  дода шуд.

Март 26, 2010 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд