НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Рӯзҳои 16 ва 18 марти соли равон дар Кохи Борбад намоишгоҳи байналмилалии саноатию тиҷоратӣ ташкил карда мешавад. 9 март дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ нақшаи тайёрӣ ба намоишгоҳи мазкур муҳокима карда шуд. Қайд карда шуд, ки дар давоми шаш моҳи гузашта нақшаи тайёрӣ ба намоишгоҳи мазкур дар ҳамаи мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташвиқу тарғиб карда шуд. Тибқи нақша дар намоишгоҳ на танҳо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, балки мамлакатҳои дигар низ иштирок хоҳанд кард. Рӯзҳои фаъолияти намоишгоҳ дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси» машварати тиҷоратии намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва тоҷирону соҳибкорони минтақа баргузор мегардад. Дар он намояндагони Русия, Туркия ва Қазоқистон низ иштирок хоҳанд кард. Муовини аввали Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар намоишгоҳ корхонаю муассисаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Турсунзода ва Кӯлоб иштирок менамоянд. Ташкилкунандагони намоишгоҳ ширкати «Экспо – Централ Азия» ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






