НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Март 10, 2010 10:14

Душанбе,  10 март. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Рӯзҳои  16 ва  18   марти  соли  равон   дар  Кохи  Борбад   намоишгоҳи байналмилалии  саноатию  тиҷоратӣ  ташкил  карда  мешавад. 9  март  дар  Палатаи  савдо ва  саноати   ҷумҳурӣ  нақшаи  тайёрӣ  ба  намоишгоҳи  мазкур   муҳокима  карда  шуд. Қайд  карда  шуд, ки  дар  давоми  шаш  моҳи  гузашта  нақшаи  тайёрӣ  ба  намоишгоҳи  мазкур  дар  ҳамаи  мамлакатҳои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  ташвиқу тарғиб  карда  шуд.  Тибқи   нақша  дар  намоишгоҳ  на танҳо   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ,  балки  мамлакатҳои   дигар   низ  иштирок   хоҳанд  кард.  Рӯзҳои  фаъолияти  намоишгоҳ  дар   меҳмонхонаи  «Ҳаёт Реҷенси» машварати   тиҷоратии  намояндагони   мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  ва тоҷирону  соҳибкорони  минтақа   баргузор  мегардад.  Дар  он   намояндагони  Русия, Туркия  ва  Қазоқистон  низ  иштирок  хоҳанд кард.  Муовини  аввали  Палатаи  савдо  ва  саноати   Тоҷикистон Одил  Сангов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дар  намоишгоҳ   корхонаю  муассисаҳои  шаҳрҳои  Душанбе,  Хуҷанд,  Турсунзода  ва  Кӯлоб  иштирок  менамоянд.  Ташкилкунандагони  намоишгоҳ   ширкати  «Экспо – Централ Азия» ва Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон  мебошанд.

Март 10, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид