НАМОИШГОҲИ ЗАНОНА ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Бахшида ба Рӯзи модар- 8 март дар толори намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомон кушода мешавад. Дар намоишгоҳи мазкур бо асарҳои Сайёра Усмонова, Меҳриниссо Носирова, Лариса Шараускас ва Зебо Давлатшоева шинос шудан мумкин аст. Ғайр аз ин дар намоишгоҳи мазкур асарҳои устодони кӯлолгар, гулдӯзӣ ва бофандагӣ намоиш дода мешавад. Мавзӯи асосии асарҳои дар намоишгоҳ гузошташуда ҳаёти занон, манзараҳои баҳор ва гулҳои рангоранг мебошанд, ки рамзи ҳаёти хушбахтона ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳ асарҳои танҳо занони ҳунарманд ва рассомони чирадаст пешкаши тамошобинон гардонда шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






