НИЁЗ БА 7 МЛН. КВТ СОАТ НЕРӮИ БАРҚ

Март 30, 2010 10:37

Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сармуҳандиси Шабакаҳои Барқи Ҷанубӣ Азимҷон Муҳиддинов, дар тирамоҳ ва зиистони  соли ҷорӣ интиқоли барқ ба минтақаи Қӯрғонтеппа мӯътадил набуд, минтақаи мазкур натавонист муштариёни худро   мувофиқи реҷаи  ҷудо шуда,  бо барқ таъмин намояд. Дар вилоят ба ҷойи 10 соати реҷавӣ 6, 5 соат барқ дода мешуд, зеро  дар ин давра барои минтақаи Қӯрғонтеппа аз ширкати «Барқи точик» ҳамагӣ 2 млн. 66 ҳазор кВт соат барқ муқаррар шуда буд, ки бо он ҳамагӣ     5 соат дар як шабонарӯз аҳолӣ бо барқ таъмин карда мешуд. Акнун бо барҳам хӯрдани маҳдудият барои бо барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ минтақа ба 7 млн. кВт соат нерӯи барқ ниёз дорад. Ногуфта намонад, ки дар сурати самаранок истифода шудани барқ тавассути лампаҳои каммасраф барои минтақа на 7 млн. кВт соат, балки 4, 5 млн. кВт соат нерӯи барқ басанда аст.   

Март 30, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид