ОЛИМОНРО БА КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ МЕФИРИСТАНД

Март 12, 2010 16:38

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳар як корхона ва муассисаҳои  истеҳсолӣ дар шароити имрўзаи  тараққиёти илму технология ниёз ба илм ва коркардҳои илмии  олимон дорад. Аз ин рӯ, шароити кунунӣ тақозо мекунад, ки робитаи байни илму истеҳсолот беш аз пеш равнақ ёбад. Ин масъала дар мизи муаввари директорони пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии самти илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Иштирокдорони ин мизи мудаввар ба хулоса омаданд, ки дар зинаҳои аввали равобит бояд гурўҳҳои корӣ ташкил гардида, олимон аз рўи тахассус ва самти фаъолияти худ ба корхонаҳои дахлдор равон карда шаванд, то заминаи ҳамкориҳоро дар сари коргоҳ бунёд гузоранд. Мушкилоте, ки дар корхона вуҷуд аст, бо чашми худ бубинанд ва роҳи ҳалли онро пешкаш намоянд. Дар мизи мудаввар ҳамчунин, роҷеъ ба масоили ба назар гирифтани талаботу пешниҳодот, ҷалби корхонаҳои хурд, институти иқтисодии АИ ҶТ дар ин самт, бунёди корхонаҳои муштараки таҷрибавӣ дар назди пажўҳишгоҳҳо, ки боиси коркарди маҳсулоти нав ва технологияи пешрав мегардад, табодули назар карда шуд.

Март 12, 2010 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд