ОЗОДАГИИ ҲАР ШАҲР АЗ РАНҶБАРИИ РОҲБАР АСТ

Март 5, 2010 11:19

Роғун, 5 март. (АМИТ «Ховар»,Зебо Давлатова). — Тавре, ки роҳбари корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Роғун»Эмомалӣ Зуҳуров ба хабарнигори АМИТ»Ховар» оид ба фаъолияти кормандони соҳа иброз намуд,соли гузашта дар Худуди шаҳр 100- бех дарахта арча шинонида шуд,ки аллакай сарсабз шудааст.Инчунин 4500 дона парвардаҳои гулҳои рангоранг,100 кг тухми ороишии сабза дар маркази шаҳр ва кучаи Ненахов шинонда шуд.Таъмири хати қубурҳои оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ,хатҳои корезӣ ва хати барқ,ба маблағи зиёда аз 220,0 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуданд. Дар масофаи 4000 метр роҳҳо аз лою қум тоза ва зиёда аз 300 тонна партовҳо аз дохили шаҳр бароварда шуданд.Инчунин,таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ба маблағи30,0 ҳазор сомонӣ пурра аз партовҳо тоза карда шуда рангубори бинои маъмурии КВД «ХМК»20000 сомониро ташкил дод.Барои таъмири рушноидиҳии кӯчаҳои шаҳр  27000 сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Ҷиҳати таъмир намудани ҷӯйборҳо ва канори роҳҳои кӯчаи марказии шаҳр ба маблағи 75025 сомонӣ харҷномаи корҳо тартиб дода шуда,дар ҳаҷми 67,000 сомонӣ корҳо ба сомон расонида шудааст,боз корҳои таъмирию сохтмонӣ давом доранд.Ҳамзамон,роҳҳои мошингард ва пиёдагарди марказии шаҳр ба маблағи 60000 сомони асфалтпӯш гардидааст.

Март 5, 2010 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад