САФАРИ КОРИИ Н.БОРДЮЖА БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа имрӯз барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари мазкур тибқи нақша дар доираи тайёрӣ ба мулоқоти роҳбарону намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон дар моҳи июни соли равон анҷом дода мешавад. Дар мулоқоти мазкур рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулнамудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон баррасӣ карда мешаванд. Зимни сафар мулоқотҳои Н.Бордюжа бо роҳбарони баландпояи ҳарбию сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагон, котиби Шӯрои амният, вазири мудофиа ва вазири корҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудаанд. Н.Бордюжа инчунин дар машварати бахшида ба низоми таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард, ки 27 март дар Душанбе баргузор мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






