САФАРИ КОРИИ Н.БОРДЮЖА БА ТОҶИКИСТОН

Март 26, 2010 11:52

Душанбе,  26 март. (АМИТ «Ховар»). —  Муншии  умумии  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  Николай  Бордюжа  имрӯз барои  боздиди  корӣ ба  Тоҷикистон  меояд. Сафари  мазкур  тибқи  нақша  дар  доираи  тайёрӣ ба   мулоқоти  роҳбарону  намояндагони  мамлакатҳои  аъзои  созмон   дар  моҳи  июни соли  равон   анҷом  дода  мешавад. Дар  мулоқоти  мазкур  рафти  иҷрои  қарорҳои  қаблан  қабулнамудаи  Шӯрои   амнияти  дастаҷамъии созмон баррасӣ  карда  мешаванд. Зимни  сафар   мулоқотҳои  Н.Бордюжа  бо  роҳбарони   баландпояи  ҳарбию  сиёсии  Тоҷикистон,  аз  ҷумла   раиси  Маҷлиси  намояндагон,  котиби  Шӯрои  амният,  вазири  мудофиа  ва  вазири  корҳои  хориҷӣ  ба  нақша  гирифта шудаанд. Н.Бордюжа  инчунин   дар   машварати  бахшида ба  низоми  таъмини  амнияти  дастаҷамъӣ  дар  минтақаи   Осиёи  Марказӣ  иштирок  хоҳад  кард, ки 27  март   дар  Душанбе баргузор  мегардад.

Март 26, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст