САГҲО 5 КГ ГЕРОИН ЁФТАНД

Март 10, 2010 09:34

Душанбе,  10 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). —  Кормандони  Агентии  назорати  маводи  нашъадори  назди  Президенти  ҷумҳурӣ 8  март шӯъбаи  бағоҷнигоҳдории  фурудгоҳи шаҳри  Душанберо   бо  кӯмаки сагҳои  махсус  машқдодашуда  тафтиш  намуданд. Дар  ҷараёни  тафтиш  ду  ҷомадон  мусодира  карда шуд.  Дар  ҷомадонҳои  мазкур  қариб  5  килограмм   моддаи  нашъадори  героин  пинҳон  карда шуда буд.  Маводи  нашъадор  бо  кӯмаки  сагҳои бӯгир  ошкор   карда шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  аз  рӯи  ин  воқеа  парвандаи  ҷиноӣ  кушода  шуд ва  барои   муқаррар намудану  дастгир  кардани  соҳибони  ҷомадонҳои  мусодирашуда  тадбирҳо  андешида  мешаванд.

Март 10, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд