САТҲИ ХУДТАЪМИНКУНИИ ЗАНОН БАЛАНД МЕГАРДАД

Март 16, 2010 09:21

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ваҳдат бинои  «Маркази занон» сохта ба истифода дода мешавад,- мегӯяд роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» — и ноҳияи мазкур Гавҳар Хоҷаева. Бо мақсади сохтмони ин марказ   аз ҷониби ҳукумати Ҷопон 94, 055 доллари амрикоӣ ҷудо карда шудааст. Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» ба заноне, ки дучори ҳолатҳои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ гардидаанд ( ин поймолшавии ҳуқуқи занон, камбизоатӣ ва сатҳи пасти донишу малака аст, ки занонро ба сатҳи эҳтиёҷманди аҳолӣ оварда мерассонад), корҳои фаҳмондаиҳӣ мебарад. Тавассути лоиҳаи  сохтмони Марказ, бино  аз 8 ҳуҷра, аз ҷумла, ҳуҷраҳои маслиҳатдиҳӣ, касбомӯзӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар  ин марказ баҳри рушди малакаи занон машғулиятҳои компютерӣ, омӯзиши забони англисӣ, касбҳои дӯзандагӣ ва кадбонугӣ ташкил меёбад. Ҳамчунин барои 123 ҳазор нафар занони ноҳия маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода мешавад, ки он ба сатҳи худтаъминкунии занон мусоидат менамояд.

Март 16, 2010 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд