ШАҲРАК БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ванҷ Амрихудо Дамдоров, барои зарардидагони ноҳия аз заминларза дар се давр расонидани кӯмак пешбинӣ шуда буд, ки ду даври он ба охир расид. Бояд тазаккур дод, ки дар ду даври аввал расонидани кӯамаки аввалиндараҷа, аз қабили кӯмакҳои моддӣ ва маводи ғизоӣ пешбинӣ шуда буд, ки он сари вақт ба зарардидагон расонида шуд. Дар даври сеюм ҷудо кардани қитъаҳои замини сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзеи Сурхсангов наздик ба 30 га замин ҷудо гардид, ки ба он ҷо 130 оила кӯчонида мешаванд. Ҳамчунин дар «Дашти Язгулом» барои зарардидагони ҷамоати Язгулом аз заминларзаи рӯзи 2 юми январи соли ҷорӣ 4 гектар замин ҷудо карда шудааст. Нақшаи сохтмонии шаҳракҳоро дар ин ду мавзеъ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тайёр кардааст. Ба гуфти раиси ноҳияи Ванҷ дар баробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоидошта, аз қабили мактаб, амбулатория, кашидани хатҳои барқ ва оби нӯшокӣ низ сохта мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






