ШАҲРАК БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА

Март 10, 2010 10:02

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ванҷ Амрихудо Дамдоров, барои зарардидагони ноҳия аз заминларза дар се давр расонидани кӯмак пешбинӣ шуда буд, ки ду даври  он ба охир расид. Бояд тазаккур дод, ки дар ду даври аввал расонидани кӯамаки аввалиндараҷа, аз қабили кӯмакҳои моддӣ ва маводи ғизоӣ пешбинӣ шуда буд, ки он сари вақт ба зарардидагон расонида шуд. Дар даври сеюм ҷудо кардани қитъаҳои замини сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзеи Сурхсангов наздик ба 30 га замин ҷудо гардид, ки ба он ҷо 130 оила кӯчонида мешаванд. Ҳамчунин дар  «Дашти Язгулом» барои зарардидагони  ҷамоати Язгулом аз заминларзаи рӯзи 2 юми январи  соли ҷорӣ 4 гектар замин ҷудо карда шудааст. Нақшаи сохтмонии шаҳракҳоро дар ин  ду мавзеъ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тайёр кардааст. Ба гуфти раиси ноҳияи Ванҷ дар баробари бунёди хонаҳои истиқоматӣ сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоидошта, аз қабили мактаб, амбулатория, кашидани хатҳои барқ ва оби нӯшокӣ низ сохта мешаванд.

Март 10, 2010 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид