ТАҲИЯИ СТРАТЕГИИ РУШДИ СОҲАИ НАССОҶӢ ВА ДӮЗАНДАГӢ
Душанбе, 30 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Таҳияи стротегии рушд барои пешрафти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ва омодасозии нақшаҳои татбиқи он», таҳти чунин унвон 30 март дар Душанбе семинари омӯзишии дурӯза ба кори худ шурӯъ кард. Ин чорабинӣ бо иқдоми Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) ва бо кӯмаки молии идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) доир карда мешавад. Раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон Сайидмуъмин Камолов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар семинар намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои хизматрасон, тарроҳони ботаҷриба ва донишмандони соҳа иштирок доранд. Ян Сайерс, мушовири калони МБТ, илова мекунад, ки “масъулони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо истифода аз таҷрибаи андӯхта дар сафари ахирашон ба намоишгоҳҳои байналмилалии Париж, нақшаҳои рӯидастгирии иқдомҳоеро, ки дар даврҳои қаблӣ таҳия карда буданд, тақвият бахшида, ба як стротегияи рушд табдил хоҳанд дод”. Дар ҷараёни семинар мушовири байналмилалии МБТ дар масоили нассоҷӣ Раҷеш Бҳеда доир ба мутобиқшудан ба талаботи нави бозорҳои ҷаҳонӣ ба иштирокдорони семинар машварат медиҳад.








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






