ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО ДАР ШАҲРИ РОҒУН
Роғун, 5 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова),- Ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Шомурод Саидов оид ба фаъолияти бахш дар соли гузашта ва ду моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дод,ки то имрӯз дар шаҳр 910 маърака ба қайд гирифта шудааст,ки аз он 705 тӯйи арӯсию домодӣ, 57 хатнасӯр, 85 маросми чил, ва 63 маросими сол мебошанд, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 тӯйи арусию домодӣ 39 маросими чил зиёд аст. Хароҷоти умумии ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 2228 сомониро ташкил медиҳад,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 сомонӣ зиёд аст. Комиссияи тасдиқнамудаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Роғун дар давоми соли гузашта 4 маротиба маҷлиси аъзоёни комиссияи доимии шаҳри, 30 маротиба вохӯриҳо дар назди аҳолӣ оид ба масъалаи риояи Конуни ЧТ «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани рейдҳои санҷишӣ 20 эҳтимолияти содиршавии ҷиноят пешгири карда шуд ва 2 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд. Саидов афзуд,ки дар ҳудуди шаҳр 44 масҷиди панҷвақта ва 3 масҷиди ҷомеъ, фаъолият доранд ва соли гузашта аз ҳисоби шаҳрвандон 20 нафар озими сафари «Ҳаҷ-2009» гаштанд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






