ТАНЗИМИ РАСМУ ОИНҲО ДАР ШАҲРИ РОҒУН

Март 5, 2010 11:21

Роғун, 5 март. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова),- Ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори   бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Шомурод Саидов  оид ба фаъолияти бахш дар соли гузашта ва ду моҳи соли ҷорӣ  иттилоъ дод,ки  то имрӯз дар шаҳр 910 маърака  ба қайд гирифта шудааст,ки аз он 705 тӯйи арӯсию домодӣ, 57  хатнасӯр, 85 маросми чил, ва 63 маросими сол мебошанд, ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 тӯйи арусию домодӣ 39 маросими чил зиёд аст. Хароҷоти умумии ҳар як маърака ба ҳисоби миёна 2228 сомониро ташкил медиҳад,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 сомонӣ зиёд аст. Комиссияи тасдиқнамудаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Роғун дар давоми соли гузашта 4 маротиба маҷлиси аъзоёни комиссияи доимии шаҳри, 30 маротиба вохӯриҳо дар назди аҳолӣ  оид ба масъалаи риояи Конуни ЧТ «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани рейдҳои санҷишӣ 20 эҳтимолияти содиршавии ҷиноят пешгири карда шуд ва 2 ҳолати қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шуд. Саидов афзуд,ки дар ҳудуди шаҳр 44 масҷиди панҷвақта ва 3 масҷиди ҷомеъ,  фаъолият доранд ва  соли гузашта аз ҳисоби шаҳрвандон   20 нафар озими сафари «Ҳаҷ-2009» гаштанд.

Март 5, 2010 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар