ТАШКИЛОТИ УМУМИРУСИЯГӢ МАНФИАТИ КИРО ҲИМОЯ МЕКУНАД?

Март 3, 2010 12:05

Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). —  Имрӯз, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муаррифии кушодашавии намояндагии ташкилоти ҷамъиятии умумируссиягии «Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ хабарнигорони шабакаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ иштирок карданд. Роҳбари ташкилот Владимир Мамаев дар бораи мақсад ва ҳадафҳои Комиссияи мазкур иттилоъ дода қайд кард, ки мусоидат ба амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани ҳамкориҳои васеи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди коррупсия, ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди ошкор шудани ҳолатҳои характери коррупсионидошта аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар ташкилоту хадамот аз ҷумлаи самти фаъолияти ин ташкилот мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ асосан афсарон — собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия фаъолият мекунанд.  Ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» «ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягӣ дар Тоҷикистон манфиати киро ҳимоя мекунад?», посух дода шуд, ки онҳо манфиати ҳам Руссия ва ҳам манфиати Тоҷикистонро ҳифз хоҳанд кард. Дар ҳамин маврид ба суоли корманди Прокуратураи генералии Тоҷикстон оё маълумотҳои ҷамъовардаи ин ташкилот ба амнияти Точикстон аз ҷумла ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ халал намерасонад ва ин маълумот чӣ тавр истифода мешаванд, ҷавоби дақиқ нагуфтанд.          

Март 3, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд