ТАШКИЛОТИ УМУМИРУСИЯГӢ МАНФИАТИ КИРО ҲИМОЯ МЕКУНАД?
Душанбе, 3 март. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз, дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муаррифии кушодашавии намояндагии ташкилоти ҷамъиятии умумируссиягии «Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ хабарнигорони шабакаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ иштирок карданд. Роҳбари ташкилот Владимир Мамаев дар бораи мақсад ва ҳадафҳои Комиссияи мазкур иттилоъ дода қайд кард, ки мусоидат ба амалишавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани ҳамкориҳои васеи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди коррупсия, ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди ошкор шудани ҳолатҳои характери коррупсионидошта аз ҷониби шахсони мансабдори давлатӣ ва дигар ташкилоту хадамот аз ҷумлаи самти фаъолияти ин ташкилот мебошад. Мавриди зикр аст, ки дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ асосан афсарон — собиқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия фаъолият мекунанд. Ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» «ташкилоти ҷамъиятии умумирусиягӣ дар Тоҷикистон манфиати киро ҳимоя мекунад?», посух дода шуд, ки онҳо манфиати ҳам Руссия ва ҳам манфиати Тоҷикистонро ҳифз хоҳанд кард. Дар ҳамин маврид ба суоли корманди Прокуратураи генералии Тоҷикстон оё маълумотҳои ҷамъовардаи ин ташкилот ба амнияти Точикстон аз ҷумла ҷараёни ҷалби сармояи хориҷӣ халал намерасонад ва ин маълумот чӣ тавр истифода мешаванд, ҷавоби дақиқ нагуфтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






