ҚАРЗ БАРОИ РУШДИ ТИҶОРАТ
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Соли 2009 таҳти таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва коҳиш ёфтани интиқоли пул аз хориҷи кишвар Ҷамъияти саҳҳомии «Бонки Эсхата» низ муомилоти пулро нисбат ба соли 2008 то андозае кам кард. Дар ин давра маблағи пули ба аҳолӣ додашуда бештар аз 370 миллион доллари ИМА – ро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 19,6 фоиз кам мебошад. Бо вуҷуди ин маблағи пасандози аҳолӣ дар бонк соли 2009 қариб 92 миллион сомониро ташкил дод, ки аз соли 2008 тақрибан 50 фоиз зиёд аст. Маблағи сармояи бонк охири соли 2009 бештар аз 51 миллион сомонӣ буд. Дар ин давра маблағи дар муомилотбудаи бонк 13 фоиз афзуда, ба бештар аз 297 миллион сомонӣ расид. Даромади Бонк соли 2009 3,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008 камтар мебошад. Соли гузашта Бонки Эсхата маблағи барои додани қарз пешбинишударо 3 фоиз зиёд намуд. Аз ин ҳисоб соли 2009 — ум 50,1 миллион сомонӣ фоида ба даст оварда шуд. Бештар аз 70 фоизи маблағи барои қарз пешбинишуда барои рушди соҳаи савдо ва тиҷорат сарф гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






