ҲУҚУҚИ ФАРЗАНДОНИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ҲИМОЯ МЕКУНАД ?

Апрель 7, 2010 11:41

Маскав,  7 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Дар   хонаҳои  бачагони  шаҳри  Маскав  аз мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  150  кӯдак  тарбия   карда  мешаванд, ки  падару  модаронашон  аз тарбияи онҳо  даст  кашидаанд. Аз  ҷумла, дар  хонаҳои  бачагони  пойтахти  Русия  аз  Қирғизистон 70  нафар,  аз  Тоҷикистон  40  нафар,  аз  Ӯзбекистон 35  нафар ва  аз  Туркманистон 5  кӯдак  нигоҳ  дошта  мешаванд. Дар ин  бора  раиси Бунёди  хайрияи  мусоидат  ба  ҳифзи  ҳуқуқи   модарону  кӯдакони «Модар, маро  напарто!» Меҳмоншо Меҳмоншоев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. Ба  қавли М.Меҳмоншоев  вақтҳои охир  теъдоди  кӯдакони  бепарастор  дар  хонаҳои  бачагони  шаҳри  Маскав то  андозае  кам  шуд. Зеро  ба  кормандони  бунёди  хайрия  муяссар  гардид, ки  модарони  кӯдаконро  ба тарбияи  минбаъдаи  онҳо  водор  намоянд.  Кормандони  бунёд  инчунин   барои  ҷустуҷӯи  модарон ё  хешу  таборони  кӯдакон  корҳои  зиёдеро  ба  сомон  мерасонанд. М.Меҳмоншоев   зикр  намуд, ки   занони  муҳоҷир  дар  аксари  мавридҳо   шароити  мусоиди  истиқомат  надошта,  бе  шавҳар   таваллуд  мекунанд ва  кӯдакони навзодашонро  ба  хонаҳои  бачагон  супурда,  ғайб  мезананд.  Бисёр   коргарони  муҳоҷири  ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ   аз  мо  хоҳиш  мекунанд, ки  кӯдакони  бепарасторро  ба  онҳо  ба  фарзандӣ  диҳем. Вале  ин кори  ниҳоят   душвор  мебошад. Зеро  коргарони  муҳоҷир  бояд  ҳамаи  ҳуҷҷатҳои  заруриро  дар  ватанашон  ба расмият  дароранд.  Мо кӯшиш хоҳем  кард, ки  ин  масъаларо  дар  сатҳи  ҳукуматҳо  ҳал  кунем. Ҳукуматҳои  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  бояд  ба  сафоратхонаҳои  дар   Русия  будаи  худ  иҷозат  диҳанд, ки  масъалаи  ба  фарзанди  додани  кӯдакони  партофташударо   ҳал  кунанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Бунёди  хайрияи «Модар,   маро  напарто!» моҳи  июни  соли  2009  дар  Вазорати  адлияи  Федератсияи  Русия ба  қайд  гирифта шудааст.  Муассисони он Меҳмоншо  Меҳмоншоев, Рушт Руштов, Шодмон Ниятбеков, Мадина  Юлдошева ва  сарпарастони он  Собир  Бӯтабеков,  Бахтиёр  Худойназаров,  Сергей  Акопов, Ирина  Розанова, Лариса  Гузеева, Юлия  Хижняк,  Толиб  Толибов  ва  Гулнора Қачағанова  мебошанд.

Апрель 7, 2010 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд