14 СӮХТОР ДАР ЯК ҲАФТА
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 14 ҳодисаи сӯхтор, бо хисороти молии умумии 15 ҳазору 360 сомонӣ ва масоҳати 216 метри мураббаъ ба қайд гирифта шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, аз ҷумла чунин ҳодиса бинобар сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар манзили истиқоматии шаҳрванд Мирсаид Исломови 51 — сола, сокини деҳаи Саримазори шаҳри Истаравшани вилояти Суғд рух дод. Дар натиҷа болопӯш ва шифти хона қисман сӯхта, молу амвол дар масоҳати 62 метри мураббаъ зарар дидаанд. Сабаб ва зарари сӯхтор муайян карда мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






