АНҶУМАНИ НАХУСТИНИ ОМӮЗГОРОНИ ИДМ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 27 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон – шаҳри Остона анҷумани нахустини омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои ИДМ ба охир расид. Дар анҷуман кормандони соҳаи маорифи қариб ҳамаи давлатҳои ИДМ ва роҳбарону намояндагони вазоратҳои маорифи мамлакатҳои Иттиҳод иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷуман таҳти роҳбарии вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ширкат варзид. Ба ақидаи коршиносони хориҷӣ, анҷумани омӯзгорони мамлакатҳои ИДМ дар амалӣ сохтани нақшаҳои ҳамкорию ҳамгироӣ, иваз кардани таҷриба ва пешрафти соҳа нақши муҳим мебозад. Тибқи пешниҳоди иштирокчиёни анҷуман, ояндаи наздик унвон ва нишони ифтихории «Аълочии маорифи ИДМ» таъсис дода хоҳанд шуд. Қарор дода шуд, ки минбаъд анҷуманҳои омӯзгорони мамлакатҳои ИДМ ҳар ду сол як маротиба гузаронида шавад. Анҷумани оянда соли 2012 дар шаҳри Ереван баргузор мегардад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






