БОҒҲОИ НАВ ДАР БОХТАР

Апрель 15, 2010 14:10

Хатлон, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Деҳқонони ноҳияи Бохтар дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар майдони 472 гектар сабзавот, 101 гектар полезӣ, 169 гектар картошка, 2869 гектар ғалладона ва 2613 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуда,  ният доранд, ки баробари ин дар майдони  зиёда аз 5000 гектар кишти тухми навъи «Флора»- и пахтаро то 20- уми апрел ба анҷом расонанд. Дар ин бора Усмон Валиев, сардори идораи кишоварзии ноҳияи Бохтар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.  Бино ба гуфти ӯ деҳқонони ноҳияи Бохтар дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, то ин дам майдони боғҳои навро ба 262 гектар расонидаанд, ки аз ин миқдор 10 гектар боғи себи пешпазак, 10 гектар нок, 140 гектар зардолу, 50 гектар олу, 12 гектар шафтолу, 10 гектар гелос, 5 гектар хурмо, 5 гектар чормағз, 5 гектар бодом, 10 гектар анор ва 10 гектар  токзор мебошанд. Усмон Валиев, ҳамчунин изҳор дошт, ки бо мақсади самаранок истифодабарии ҳар як ваҷаб замин дар байни 252 гектар боғу токзорҳои нав зироатҳои помидор, боқлаҷон, каламфур, каду, полезӣ, картошка, гандум ва ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Ҳамчунин кишоварзони ноҳия супориши ҳукумати вилояти  Хатлонро, ки мебоист дар ноҳия 304 гектар кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шавад, то ин давра дар майдони 357  гектар гузаронида, 155 гектари он дар бахши чамъиятӣ кишт карда шудааст, қайд намуд дар идомаи суханрониаш сардори идораи кишоварзии ноҳияи Бохтар.  Айни замон 84 адад тракторҳои шудгоркунанда, 91 адад техникаҳои тухмипошак, 154 адад тракторҳои байниқаторию култиватор, 45 адад грейдерҳо, 644  адад  сихмолаҳо кори кишоварзони ноҳияро пеш бурда истодаанд.            

Апрель 15, 2010 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд