БОР&#1202ОИ БАРОИ ШИРКАТИ АЛЮМИНИИ ТО&#1206ИКИСТОН ПЕШБИНИШУДА САРИ ВА&#1178Т ФИРИСТОДА МЕШАВАНД

Апрель 23, 2010 13:35

Душанбе,  23 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  Мақомоти  роҳи  оҳани  Ӯзбекистон  муроҷиати  кумитаи  иттифоқи  касабаи  ширкати  саҳҳомии «Алюминии Тоҷикистон» — ро ба Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар  Тоҷикистон  роҷеъ ба мусоидат ба  сари вақт  фиристодани  молҳои барои  ширкат  пешбинишуда,  аз  ҷумла гили  махсус  муҳокима  намуда,  ваъда  доданд, ки  молҳои барои  корхонаи  мазкур  пешбинишуда  сари  вақт  ва   бемамониат  фиристода  мешавад. Аз  рӯи  маълумоти   ширкати  саҳҳомии  «Роҳҳои  оҳани  Ӯзбекистон» аз  23  март то 15  апрели  соли  равон ба  истгоҳи роҳи оҳани  «Регар» тавассути  қаламрави  Ӯзбекистон 1720 вагон  гили  махсус  фиристода  шуд.  Дар  ин  давра  ба  воситаи  шабакаи   роҳҳои оҳани  байнидавлатии  «Қудуқ» — и  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  ба  самти  Тоҷикистон  1370  вагон   гили  махсус  фиристода шудааст. Айни  ҳол  дар  қаламрави   Ӯзбекистон 340  вагон  гили  барои   ширкати  саҳҳомии  алюминии  Тоҷикистон  пешбинишуда  дар  ҳаракат  мебошад. Аз  сафоратхонаи  Ӯзбекистон  дар  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ки  мақомоти  ин  мамлакат  бо назардошти  нақши  бузурги  ширкати  саҳҳомии  алюминии  Тоҷикистон  дар  пешрафти  иқтисодиёти  мамлакат,  афзун  гардонидани  иқтидори  содиротии  он   ва  таъмини фаъолияти  муттасили  корхона  минбаъд молҳои  барои  он  пешбинишударо  дар навбати  аввал   хоҳад  фиристод.

Апрель 23, 2010 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд