ЧАРО ТАЛОҚ РӮ БА АФЗОИШ АСТ?
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ бекор кардани ақди никоҳ ё талоқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145 адад афзудааст. Дар давоми семоҳаи якуми соли 2009 бекор кардани ақди нигоҳ 1512 адад ба қайди давлатӣ гирифта шуда бошад, пас дар ҳамин давраи соли ҷорӣ ба 1657 адад расидааст. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров имрӯз, 23 апрел зимни нишасти матбуотӣ сабабҳои афзоиши талоқро шарҳ дода, гуфт, ки сабабҳои аслии ҷудошавии зану шавҳар бефарзандии онҳо мебошад. Дигар сабабҳояш, мутобиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар, бемории яке аз ҷонибҳо, дахолати волидайн ва шояд талоқи мусулмонӣ ҳам бошад. Б. Худоёров роҷеъ ба паҳлӯҳои дигари фаъолияти вазорат маълумот дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 61 ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда, фаъолияти 2 ташкилоти ҷамъиятӣ қатъ карда шуд. Аз ҷумла, бинобар сабаби риоя накардани талаботҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баромадан аз салоҳияти дар низомномаҳояшон дарҷгардида, фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Бунёди хайрияи «Дасти мадад» ва «Ҳаёти ҷавонон» тавассути судҳо манъ гардид. «Вазорат қаблан ин ташкилотҳоро огоҳ намуда буд, ки ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд, вале аз ҷониби онҳо ин огоҳнома ба инобат гирифта нашуда, ҳуҷҷатгузориҳояшон бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ сурат нагирифт. Инчунин, ин ташкилотҳо ба фаъолиятҳое машғул шуданд, ки аз доираи салоҳият ва муқаррароти низомномаашон берун буд», — тазаккур дод вазир. Гуфтанист, ки ҳалномаи Бунёди хайрияи «Дасти мадад» ба қувваи судӣ даромада, тафтиши парвандаи «Хаёти ҷавонон» дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.








ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






