ДАР КӮЛОБ ИНШООТИ ФУРӮХТАШУДА ДАВЛАТӢ МЕШАВАНД

Апрель 13, 2010 10:29

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба қарори қатъӣ омад. Корхонаҳое, ки хусусӣ гардонида шуда то имрӯз тибқи қонуни хусусигардонӣ  амал накардаанд, давлатӣ карда мешаванд ва ё барои ба фаъолият оғоз намудан аз нав дар музояда фурӯхта мешаванд,- телефонӣ хабар доданд аз дастгоҳи раиси шаҳр ба мухбири АМИТ  «Ховар». Шаҳрдорӣ вобаста ба ин, дар хусуси мӯҳлат додан ба соҳибмулкон баҳри самаранок истифода кардани иншооти хусусикардаашон қарори дахлдор қабул кард, ки аз ҷумла гуфта шудааст: «Ҳар соҳибмулке, ки иншооти харидааш мавриди истифода қарор намегирад, пас аз гузаштани мӯҳлати пешбинишуда бозпас гирифта шуда, дигарбора  ба музояда гузошта мешаванд, дар сурати муайян кардани қарзи андоз, ки баробари нархи хариди он мебошад, иншоот аз нав  давлатӣ карда мешавад». Агар ин таҷрибаи шаҳрдори шаҳри Кӯлобро дигар раисони шаҳру ноҳияҳо   дасгирӣ намуда, чунин қарорҳои одилона мебароварданд, корҳо нуран алонур мешуд.

Апрель 13, 2010 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд