ДАР КӮЛОБ ИНШООТИ ФУРӮХТАШУДА ДАВЛАТӢ МЕШАВАНД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба қарори қатъӣ омад. Корхонаҳое, ки хусусӣ гардонида шуда то имрӯз тибқи қонуни хусусигардонӣ амал накардаанд, давлатӣ карда мешаванд ва ё барои ба фаъолият оғоз намудан аз нав дар музояда фурӯхта мешаванд,- телефонӣ хабар доданд аз дастгоҳи раиси шаҳр ба мухбири АМИТ «Ховар». Шаҳрдорӣ вобаста ба ин, дар хусуси мӯҳлат додан ба соҳибмулкон баҳри самаранок истифода кардани иншооти хусусикардаашон қарори дахлдор қабул кард, ки аз ҷумла гуфта шудааст: «Ҳар соҳибмулке, ки иншооти харидааш мавриди истифода қарор намегирад, пас аз гузаштани мӯҳлати пешбинишуда бозпас гирифта шуда, дигарбора ба музояда гузошта мешаванд, дар сурати муайян кардани қарзи андоз, ки баробари нархи хариди он мебошад, иншоот аз нав давлатӣ карда мешавад». Агар ин таҷрибаи шаҳрдори шаҳри Кӯлобро дигар раисони шаҳру ноҳияҳо дасгирӣ намуда, чунин қарорҳои одилона мебароварданд, корҳо нуран алонур мешуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






