ИЗҲОРОТИ МУНШИИ УМУМИИ СҲШ

Апрель 9, 2010 09:19

Душанбе,  9 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  Муншии  умумии Созмони  ҳамкории  Шанхай Муродбек  Имоналиев дар  робита бо  воқеаҳои  Ҷумҳурии Қирғизистон  изҳорот  дарҷ  намуд.  Дар  изҳорот  аз  ҷумла,  гуфта  мешавад, ки  Созмони  ҳамкории  Шанхай  вобаста  ба  воқеаҳои   дар  давоми  рӯзҳои охир  баамаломада  изҳори ташвиш  менамояд.  Дар  натиҷаи  задухӯрдҳо  ва  бетартибиҳо  теъдоди  зиёди одамон  қурбон  шуданд.  Мо ба  аҳли оилаи  қурбоншудагон ҳамдардӣ  изҳор  менамоем. Қирғизистон  узви  Созмони  ҳамкории  Шанхай  ва  хамсояи  наздики   мамлакатҳои  дигари  аъзои  созмон  мебошад. Таъмини  сулҳу  амният  ва  суботи вазъи  сиёсии  ин  мамлакат  барои тамоми   минтақа  аҳамияти  калон  дорад. СҲШ  умедвор  аст, ки   дар  Қирғизистон  ҳар чӣ  зудтар  тартиботи  қонунӣ  ва   созгории  миллӣ  барқарор  карда  хоҳад  шуд.  Ҳимояи  манфиатҳои  мардуми  Қирғизистон ҳаминро талаб  менамояд. Созмони  ҳамкории  Шанхай  ва  мамлакатҳои  аъзои  он   ба  ҳифзи  сулҳу  субот  дар   қаламрави  СҲШ  ҳамаҷониба  мусоидат  менамоянд.

Апрель 9, 2010 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид