КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар ҳудуди анбори намояндагии Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон маросими супоридани кӯмаки башардӯстонаи Ҳукумати Русия ба Тоҷикистон баргузор гардид. Кӯмаки башардӯстона аз ҳисоби саҳми ихтиёрии Русия ба хазинаи Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ расонида шуд. Дар маросими супоридани кӯмаки башардӯстона сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов иштирок дошт. Вай зикр намуд, ки кӯмакҳои башардӯстонаи мамлакаташ асосан барои дастгирии оилаҳои камбизоат ва мусоидат ба амнияти озуқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Сафир афзуд, ки ин дафъа ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3839 тонна маводи озуқа кӯмаки башардӯстона расонида шуд. Ғайр аз ин ояндаи наздик ба вилояти Суғд 980 тонна ва ба вилояти Хатлон 1906 тонна маводи озуқа тӯҳфа карда мешавад. Ба туфайли чунин кӯмак талабагони мактабҳои Тоҷикистонро бо хӯроки гарм муддати тӯлонӣ таъмин кардан мумкин аст. Инчунин оилаҳои камбизоат ба туфайли кӯмаки башардӯстонаи мамлакати мо беҳтару хубтар таъмин карда мешаванд, гуфт сафир.