КИШТИ ЗИРОАТҲОИ БАҲОРӢ ИҶРОШАВАНДААСТ
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 12 – уми апрел аз майдони 192 ҳазору 943 гектар замини барои кишти зироатҳои баҳорӣ пешбинишуда, дар масоҳати 85 ҳазору 835 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин баробари 45,5 фоизи дурнамо мебошад. Соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар масоҳати 23 ҳазору 131 гектр гузаронидани кишти зироатҳои баҳорӣ пешбинӣ шудааст аст. Айни замон дар масоҳати 24 ҳазору 783 гектар кишт карда шудааст, ки ин баробари 107,1 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Аз 24 ҳазор гектари киштшуда 19 ҳазору 200 гектари онро кишти гандум ташкил медиҳад. Бо вуҷуди муҳосираи иқтисодӣ, ки давлати ҳамсоя барои хоҷагидорону кишоварзон эҷод кардааст, дар ҷумҳурӣ аз 423 ҳазору 362 га замини барои кишти баҳорӣ ҷудогардида 174 ҳазору 114 га ё 40 ,3 фоизи кишти зироатҳои баҳорӣ анҷом дода шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






