КИШТИ ЗИРОАТҲОИ БАҲОРӢ ИҶРОШАВАНДААСТ

Апрель 13, 2010 10:31

Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати   растанипарварии  Вазорати кишоварзӣ, то 12 – уми апрел аз майдони 192 ҳазору 943 гектар замини барои кишти зироатҳои баҳорӣ пешбинишуда, дар масоҳати 85 ҳазору 835 гектар кишт гузаронида шудааст, ки ин баробари 45,5 фоизи дурнамо мебошад. Соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар масоҳати 23 ҳазору 131 гектр гузаронидани кишти зироатҳои баҳорӣ пешбинӣ шудааст аст. Айни замон дар масоҳати 24 ҳазору 783 гектар кишт карда шудааст, ки ин баробари 107,1 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Аз 24 ҳазор гектари киштшуда 19 ҳазору 200 гектари онро кишти гандум ташкил медиҳад. Бо вуҷуди муҳосираи иқтисодӣ, ки давлати ҳамсоя барои хоҷагидорону кишоварзон  эҷод кардааст, дар ҷумҳурӣ аз 423 ҳазору 362 га замини барои кишти баҳорӣ ҷудогардида 174 ҳазору 114 га ё     40 ,3 фоизи кишти зироатҳои баҳорӣ анҷом дода шудааст.  

Апрель 13, 2010 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид