КОМИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Апрель 5, 2010 12:19

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз  20 – ум то 27 – уми апрели соли 2010 комиссияи махсус  ташкил додаи Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси техникӣ ба майдони сохтмони НОБ – и «Роғун» ташриф меорад. Дар ҳайати комиссияи махсуси Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисони варзида оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои калонтарини ҷаҳонӣ    шомил карда мешаванд. Моҳи апрел ҳамчунин  дар назар аст, ки  ноиби президенти  Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Филипп Ле Уэйру   бо мушовири Институти ҳифзи механизми Бонки Ҷаҳонӣ Стефан Линтер тамоми ҳавзаҳои дарёҳои ҳамсарҳади  кишварҳои поёнобро барои муҳокимаи масъалаи иштироки коршиносони байналмилалӣ оид ба тадқиқот дида бароянд. -Маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ оид ба сохтмони лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз натиҷаи ташхиси коршиносон вобастааст,- иброз доштааст Филипп Ле Уэйр.

Апрель 5, 2010 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд